ДАСТИ ДАРМОНДАГОНРО ГИРИФТАН МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ИНСОНИ БОШАРАФ АСТ!

            Ҷиҳати амалӣ намудани эълон шудани “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва Аксияи тарғиботӣ амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳамарӯза вохӯриву мулоқотҳои судмандро дар ташкилотҳои ибтидоӣ  баргузор намуда истодааст.

         Дар баргузории чорабиниҳо  кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона  иштирок намуда, аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва масъалаҳои рӯзмарра бархурдор мешаванд.

         Мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хокшиносӣ”- и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён басо судманд доир гардида, кормандон таассуроти хуб гирифта, азм доштанд, ки дар фаъолияти  ҳизбӣ самтҳои афзалиятнокро тадбиқ  менамоянд. 

Дар интиҳои чорабинӣ кормандони ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи “Якҷоя ҳал мекунем” ба як нафар шахси ниёзманд Қурбонов Мурод ба маблағи 200 сомонӣ маводҳои хӯрокворӣ аз қабили 1 – халта гандум, шакар чойи қоқ ва намак кӯмак карданд.

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.