Солҳост, ки Эрон дар пайи густариш бахшидани нуфӯзи худ дар минтақа ва ҷаҳон бо сарҷамъ сохтани чанд тан сагону лошахӯроне, ки худро ба пусти инсон ҷой додаанд, бо аҳдофи ба шиагӣ талқин кардани зеҳни миллатҳои бегона, ба касофаткориҳои комилан шубҳаовар даст зада истодааст.
Барои миллати тамаддунофари тоҷик бараъло муайяну мушаххас аст, ки Эрони худхоҳ солҳои 90-уми асри гузашта, тавассути Ҳизби Назҳати неши заҳрогини худро ба сарзамини Тоҷикистон зада буд. Дар ин ҷо қайд кардан зарур аст, ки ҲН аз ҷониби Эрон бо мақсади комилан исломӣ сохтани Тоҷикистон ва ба равияҳои бегонаи шиа ва ваҳобия талқин намудани зеҳни миллати тоҷик, бо сарҷамъ сохтани зиёда аз 40 ҳазор нафар нерӯҳои аҳримании пойбанди равияи ваҳобия таъсис дода шуда буд.
Баъди бо амалиётҳои хунини доир намудааш падид омадини чеҳраи аслии ин ҳизби хоин, Тоҷикистон таҳқиқ намуд, ки ҲН ташкилоти террористию экстремистии дастпарвари Эрон буда, дар худ ҳадафҳоеро дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ ворид намуданаш аз аҳамият дур нест. Аммо ба назар мерасад, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон ҳалли ин масъаларо ҷиддӣ нагирифтаанд. Чунки баъди барҳам хурдани ҲН дар Тоҷикистон, тамоми фирориёни лошахӯри ҲН-и хуношом ба хориҷи кишвар паноҳ бурда, аксаран дастгирӣ меёбанду аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда, Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд ва то ҳол террористони ҲН дар ба дари ташкилотҳои бонуфӯзи байналмилӣ барбосвор гардида, иддао доранд, ки Тоҷикистон фалон маҳбуси ҲН-ро (боз ким кадом як шаурмахӯри сиёҳкорро) аз зиндон озод намояд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон танҳо муҷрим пушти панҷара менишинад ва ҳаққи террорист, хоин ин як гулула асту, аммо қонун иҷозат намедиҳад.
ҲН борҳо ба шикасту рехт мувоҷҷеҳ шудаасту найранг ба поя мехезонадаш ва дар заминаи ҲН таъсис додани ташкилоти нави террористию экстремистӣ дар ниқоби ташкилоти бофтаи бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» аз найрангҳои тозаи сарпарастони ҲН хоса Эрони худхоҳ маншаъ мегирад. Бояд ҷомеаи худшиноси тоҷик ва ҷаҳон донад, ки ташкилоти паймоншикан агар ба манфиати халқ бошад, ӯро собиқ роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҲН Муҳиддин Кабирӣ бо чанд роботи хираи ихтироъ кардаи ҲН роҳбарӣ нахоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи мушоҳидаҳо аз сарчашмаҳои хабарӣ, ҲН танҳо як шохаи корбурди Эрон буда, гурӯҳҳои дигари террористии омода намудаи Эрон анқариб 30 фисади кураи заминро фаро гирифтасту аксари кишварҳои ховари миёнаро мавриди ҳадаф қарор дода аст, ки ба мушоҳида мерасад қисме аз кишварҳо алакай ба пуррагӣ аз ҳадафҳои нопоки Эрон хабардор гардидаанд.
Тавре санаи 8-уми феврали соли 2019 дар сафаҳоти сомонаҳои интернетӣ нашр гардид. Президенти Амрико Доналд Трамп дар баёнияе иброз намуд, ки имрӯз ман расман Барномаи ҳукуматам барои муаррифии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ аз ҷумла Нерӯҳои Қудсро созмони террористӣ эълом менамоям. Дар идомаи гуфтаҳои Доналд Трамп омадааст, ки Эрон натанҳо як кишвари пуштибони терроризм, балки Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ фаъолона дар таъмини молӣ ва тарғиби терроризм ҳамчун абзори ҳукуматдорӣ иштирок дорад. Доналд Трамп мегуяд: - Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ абзори аслии Ҳукумати Эрон дар амалӣ кардани корзори байналмиллалии терроризм аст.
Бояд қайд намуд, ки тибқи иттилои манбаъ Нерӯҳои Қудс, ки зиёда аз 100 ҳазор нафар нерӯ дораду Барномаи мушакҳои баллистикии Теҳронро пеш мебарад, шохаи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ буда, амалиётҳои хориҷиро дар Ховари Миёна роҳбарӣ менамояд ва интиқоли силоҳ барои низомиёни шиамазҳаби тарафдорони Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гушаҳои дигари ҷаҳонро ба танзим медарорад. Вазорати молияи Амрико пеш аз ин низ Нерӯҳои Қудсро дар соли 2007 ба иттиҳоми «ҳимоят аз терроризм» дар феҳристи сиёҳи худ қарор дода, онро шохаи иҷроии сиёсатҳои Эрон дар ҳимоят аз терроризму гурӯҳҳои шӯришӣ дониста будааст. Аммо Эрон бар акс вокуниш нишон дода, ҳатто ба Артиш ва нерӯҳои Амрико дар минтақаи ғарбии Осиё таҳдид менамояд, ки аз оромиши замони имрӯза бархурдор нахоҳад шуд.
Дар инҷо сухан сари матлабест, ки агар давлатҳои абарқудрати ҷаҳон аз замони пешниҳодоти Тоҷикистон: «ҲН – дастпарвари Эрон» зуд сади роҳи фаъолияти ғайриқонунию хатарноки Эрон мешуданд, нуран-ало-нур мешуд.
Гумон меравад, ки аз ин пас тамоми кишварҳо бо санҷиши амиқи хеш кучактарин ташаббуси байналмилалии фаъолияти Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмро эҳтиром хоҳанд гузошт.
Тамоми зиёиёни тоҷик ва ҷаҳонро месазад ҳарчи зудтар пай баранд, ки алҳол ҷомеи ҷаҳон зери хатари оғози марҳилаи нави ҷанги сард қарор дорад. Аз ин рӯ тариқи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва эҷоди мақолаву хабарҳои тоза, сиёсати нодурусти Эронро ба сокинони осоишта равшан созанд ва дар ин роҳ натанҳо Тоҷикистон балки давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ бояд фидоӣ бошанд то дар ҳамбастагӣ ба террорист даст ба гиребон бошем.
Фарҳод Обидзода - Сармуарири рӯзномаи «Ҷайҳун»