Ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаҳои «Дӯсти» ва «Сарипул»-и ноҳияи Кӯшониён

          Бо маќсади дар амал ба роҳ мондани ќарори раиси ноҳияи Кўшониён, Љаббори Ѓаффор аз 4 апрели соли 2019 таҳти №376 доир ба пешгирии ҳолатҳои фавќулода ва зери назорати доимї ќарор додани мавзеъҳои аз љиҳати экологї ва хавфноки ноҳия, дар мавсими боронгариҳои солҳои 2019-2020 субҳи 18 апрели соли 2019 беш аз ҳазор нафар сокинон, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатї, кормандон ва зернизомҳои ҳудудї ва зинавии Низоми ягонаи давлатї, раисони љамоатҳои шаҳраку деҳот ба ҳашари соҳилмустаҳкамкунї баромаданд.

           Аз сабаби он, ки имсол боронгариҳои зиёд аз љониби боду ҳавошиносони љумҳурї пешгўй карда шудааст ва барои пешгирї намудани маљрои обї дарёҳое, ки хафи баланд шуданро доранд, ба ҳамин хотир бештари сокинони ноҳияро ба ин ҳашари умумї љалб карда шудаанд. Њангоми сатҳи обї дарё зиёд шавад хавфи ба вуљуд омадани сел ба миён меояду он хонаҳои истиќоматие, ки дар гирду атрофи дарё мављуданд, хавфи шусташавии заминҳои онҳо ба миён меояд. Чуноне, ки сокинони гирду атрофи дарёи Вахш мегўянд, ки баъзе шабҳо аз хоб рафтан метарсанд, зеро чанд сол пеш дар натиљаи баланд шудани сатҳи оби дарё чандин заминҳои корамро об шуста ва зарари моли ба мардуми дења расид. Шукрона аз он мекунем, ки имрўзҳо бо дастгирии Њукумати љумҳурї, маќомоти иљроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия соҳилмустаҳкамкунї рафта истодааст ва ин боис мегардад, ки зарае ҳам бошад маљрои обро ба дигар тараф мегардонад.

         Давлатбек Ќуватов, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои Фавќулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кўшониён мегўяд, ки бо маќсади пешгирии офатњои табии бо дастгирии маќомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тариќи ҳашар корҳои соҳилмустањкамкунї ва симтурбандї ташкил ва ба роҳ монда шуда, дар деҳаи Дўстї ва Сарипули Љамоати шаҳраки Бохтариён барои симтурбандї намудан зиёда аз 20 адад сангҳои калон ба воситаи наќлиёти боркашон кашонида шуда, дар деҳаи Сарипули Љамоати шаҳраки Бохтариён дар масоҳати 110м2 корҳои симтурхобонї ба анљом расонида шудааст. Хушбахтона дар семоҳаи аввали соли 2019 дар ноҳия ягон ҳолати фавќулодаи дорои хусусият табии дошта ба ќайд гирифта нашудааст. Њамчунин зимни сўҳбати худ сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар ноҳия доир ба минтаќаҳои хавфноки ноҳияи Кўшониёнро, ки «аз сабаби боришоти зиёд ва зиёдшавии сатҳи оби дарёи Вахш дар ин мавзеъҳо ба вуќўъ пайваста ҳолатҳои фавќулода, аз љумла таҳдиди шусташавии саддҳои соҳил дар назар мебошанд, гуфта гузаштанд ва ќайд намуд, ки дар љамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавсими боронгариҳои соли 2019 аз ҳисоби кормандон ва зернизомҳои ҳудуди ва зинавии Низоми ягонаи давлатї дар мавзеъҳои, ки эҳтимоли рух додани сел обхезиҳо мављуданд, навбатдории шабонарўзї ташкил ва ба роҳ монда мешавад. Дар баробари ин ќайд намуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои ѓарќшавии шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия дар минтаќаҳои хавфноке, ки оббозї (шиноварї ) манъ аст, барои гузоштани огоҳнома, лавҳаҳо ва буклетњо бо навиштаљоти «Дар ин мавзеъ оббозї манъ аст» гузошта шуда истодааст - афзўд Давлатбек Ќуватов. Њамчунин ў таъкид дошт, ки ҳамаи хадамотҳои мудофиаи гражданї ва љамоатҳои шањраку дењоти ноҳия вазифадор ҳастанд, ки барои омода намудани лавҳаҳу навиштаҳотҳои дар боло зикр шуда, овезон намудани он дар минтаќаҳои хавфнокї, ки оббозї манъ шудааст, чораҳои зарурї андешанд.

 

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

 

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.