Дар доираи наќша-чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Кўшониён, санаи 18 апрели соли 2019 дар дењаи «Чакихо»-и Љамоати шањраки Бохтариён, вохўрї вобаста ба мањкум намудани амалњои ифротгаронаи як гурўњ љавонони дења, бо сокинони ноњия њаммоиш баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноњия Д. Шукруллозода, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњия Б.Иззатуллозода, мудири бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњия П.Азимов ва намояндагони маќомотњои ќудратии ноњия иштирок намуданд. Бо маќсади баррасї ва мањкум намудани амалњои экстремистию терористии 5 нафар сокинони дењаи мазкур волидон ва хешу аќрабои онњо даъват карда шуда, дар якљоягї бо сокинони дења амалњои содирнамудаи фарзандонашонро ќатъиёна мањкум намуда, иброз доштанд, ки дар оянда љињати пешгирии наврасону љавонон аз љинояткорї ва шомилшавї ба гурўњњои ифротї тамоми ќувваю нерўи худашонро сарф менамоянд.
«Кўшониён»