Таҷлили рӯзи «Пойтахт» дар маркази ноҳияи Кӯшониён

      Бахшида ба рӯзи «Пойтахт»-и кишварамон, шаҳри Душанбеи зебоманзар, субҳи 20 апрели соли 2019 бо иштироки Ҷаббори Ғаффор раиси ноҳияи Кӯшониён, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳќонӣ, роҳбарони маќомотҳои ҳифзи ҳуќуќи ноҳия, ҷавонону наврасон, ва сокинону фаъолони ноҳия Кӯшониён, дар даст парчаму шиорҳои миллӣ, ки таранумкунандаи соҳибистиќлоли кишварамонро нишон медиҳад, дар маркази ноҳия ҳамоиши калон баргузор гардид.

      Сокинони сарбаланди ноҳия, аз ободию оромии Тоҷикистони азизамон ифтихор намуда, шукронаи онро мекунанд, ки чунин Пешвои хирадманду ғамхор доранд. Пас аз ҳамоиш дар толори Кохи фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён, ҳамаи иштирокдорон ва дар симои онҳо ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирӣ ва заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як гӯшаю канори диёрамон аз ҷумла Пойтахти зебоманзаромон шаҳри Душанбе, ки имрӯзҳо ҷойи сайру саёҳати сокинони мамлакатамон ва хориҷиён гаштааст, нисбат ба солҳои ќабли чандин маротиба ободу зебо гардидааст,”- афзӯд Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён.

    Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо ташаббуси роҳбарӣ ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар маркази шаҳр барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ чандин боғҳои фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёна, барои ҷавонону наврасон бошад, толор ва майдончаҳои варзиши сохта ба истифода дода шудааст, ки ин ҳама аз ободию оромии кишвар ва соҳибистиќлоли диёрамон шаҳодат медиҳад. Дар фарҷом аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия шеъру суруд дар васфи Тоҷикистон ва пойтахти азизамон замзама гардида, ҳамчунин сарояндагони хушсадо, гулдухатарони раќос раќси ҷаззоб нишон доданд, ки аз ин суруду раќсҳои зебо иштирокдорон хушнуд гаштанд.

 

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.