Ба хотири бештар аз худ намудани забонҳои хориҷи бо ташаббуси роҳбари ташкилоти байналмилалии «SWORDE-Teppa» рӯзи 30 апрели соли 2019 дар маркази ноҳия омӯзишгоҳи забонҳои хориҷӣ кушода шуд. Дар кушодашавӣ омӯзишгоҳи мазкур роҳбари ташкилоти мазкур Пол Марчан, сафири шоҳигарии Бритониёи кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хю Филпот, Б. Иззатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва хонандагону омӯзгорони иштирок намуданд.
Хонандагони омӯзишгоҳи мазкур аз чунин марказ изҳори хушнуди намуда, шукронаи сулҳу суботи диёри биҳиштосоямонро мекунанд, ки зодаи даврони соҳибистиќлол мебошанд, зеро имрӯз Ҳукумати кишварамон таваҷҷуҳӣ хешро ба ҷавонону наврасон бештар кардааст. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззамамон дар ҳар як баромадҳояш ба ҷавонон рӯ оварда таъкид месозад, ки бештар забонҳоро аз худ намояд, зеро техникаву техналогияи муосир рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Чуноне, ки иттилоъ дода шуд, дар маркази забономӯзи барои 40 нафар толибилм дар ду баст ҷой муайян карда шудааст, ки онҳо метавонанд аз омӯзгорони соҳибтаҷриба забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.
«Кӯшониён»