Баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО дар ноҳия

     Дар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, М. Давлатзода, менеҷери бахши госпиталии ноҳия, М. Миралиев, директори Маркази ВНМО дар ноҳияи Кӯшониён, Шӯрои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО баргузор гардид.  Сараввал М. Давлатзода, менеҷери бахши госпиталии ноҳия дар суханронии худ, оид ба рафти иҷрои ќарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия баромад намуда, ќайд дошт, ки барои пешгири намудани сари роҳи ин бемории сирояти бештар бо мардум ҳамкории зич намоем, зеро ҳастанд нафароне, ки ба бемори гирифтор ҳастанду аммо барои аз ташхис гузаштанд худорӣ мекунанд,»- афзуд М. Давлатзода. Чуноне ки аз ҳисоботи нуњмоњаи М.Миралиев, Директори Маркази ВНМО дар ноҳия, бармояд нисбати соли сипаригашта гирифторони беморони ВНМО дар ноҳия 13 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон дар идомаи ҳисоботи хеш М. Миралиев, Директори Маркази ВНМО  иброз дошт, аз маълумотҳои оморӣ маълум гашт, ки баъд аз гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии ВНМО дар байни аҳолӣ дар 12 моҳи соли ҷорӣ ба озмоишгоҳҳои маркази ВНМО-и ноҳия ҳамагӣ 2 ҳазору 948 нафар муроҷиаткунандагон ташриф оварда, намунаи хун оид ба ошкор сохтани ВНМО супориданд, аз он ҷумла: никоҳшавандагон арусу домод 1 ҳазору 362 нафар (тариќӣ ройгон), кормандони тиб 299 нафар, гурӯҳҳои осебпазир: муҳоҷирони меҳнатӣ 305 нафар, нашъамандони тазриќӣ 273 нафар, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ва аз хизмати онҳо истифода бурдагон 19 нафар ва дигарон ҷамъ 690 нафар мебошанд.  Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 2 ҳазору 948 нафар мизоҷон намунаи хун, ки оид ба ошкор сохтани ВНМО гирифта шуд, натиҷаи таҳлили хуни 28 нафар аз онҳо, мард 17 нафар зан 11 нафар шаҳрвандони ноҳияи Кӯшониён оид ба ошкор сохтани ВНМО ҳамчун шахси сироятшуда, мусбӣ арзёбӣ гардид,» - гуфт М. М. Директори Маркази ВНМО дар ноҳия. Тибќи маълумоти омории расмӣ то 1 январи соли 2019 шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (аз соли 2007) дар ноҳияи Кӯшониён 142 ҳодисаро ташкил дод, ки аз ин шумора 64,8 фоиз дар байни мардон ва 35,2 фоиз дар байни занон ба ќайд гирифта шудааст. Дар давраи аз соли 2007 то 31 декабри соли 2018 аз шумораи умумии сироятёфтагон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 29 нафар фавтидаанд. Дар соли 2018 бошад дар ноҳияи Кӯшониён 28 ҳодисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 (23 ҳодиса) 5 ҳодиса зиёдтар мебошад. Аз ин шумора 17 нафарро (61-фоиз) мардон ва 11 нафарро (39 дарсад) занон ташкил медиҳанд. Дар солҳои охир тамоюли зиёдшавии сироятёфтагон дар байни мардон зиёд гардидааст.

 

 

 

«Кӯшониён»

 

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.