Вохӯриҳо вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ

   Дар доираи нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дар якҷоягӣ бо маќомотҳои қудратӣ ва сохторҳои дахлдори ноҳия вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ сӯҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳама деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо иштироки наврасону ҷавонон ва волидони онҳо баргузор шуда истодааст.

    Тибқи наќша санаи 4 майи соли равон, дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Ортод, аксияи иттилоотӣ ва вохӯрӣ бо ҷавонону наврасон ва фаъолони маҳал баргузор карда шуд. Инчунин аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 500 адад маводҳои иттилоотӣ ва аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия 200 адад рӯзнома ва китобҳои бадеи ба иштирокчиён таќдим карда шуд. Чунин вохӯриҳо ва аксияҳои иттилоотӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Кӯшониён идома дорад.

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.