Дар доираи наќшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дар якҷоягӣ бо маќомотҳои ќудратӣ ва сохторҳои дахлдори ноҳия, вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ сӯҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳама деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо иштироки наврасону ҷавонон ва волидони онҳо баргузор шуда истодааст.
Тибќи наќша санаи 3 майи соли равон, дар –и Ҷамоати деҳоти Ориён, аксияи иттилоотӣ ва вохӯрӣ бо ҷавонону наврасон ва фаъолони маҳал баргузор карда шуд. Инчунин аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 500 адад маводҳои иттилоотӣ ба иштирокчиён таќдим карда шуд. Чунин вохӯриҳо ва аксияҳои иттилоотӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Кӯшониён идома дорад.
«Кӯшониён»