Ба хотири пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», рӯзи 6 майи соли 2019, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён ва бо иштироки Мансур Олимзода, капитани адлия, нозири калони шуъбаи пешгирии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ќурбонзода Манучеҳр Мусо, нозири ҳамин шуъба, лейтенантӣ калони адлия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисион ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, вохӯрӣ баргузор гардид.
Мансур Олимзода, капитани адлия, нозири шуъбаи пешгирии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёд пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳронӣ ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Зимни баромади худ Мансур Олимзода, капитани адлия, нозири шуъбаи пешгирии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки Стратегияи мазкур ягона санадест, ки барои иҷро нагардидани талаботҳои он ҷавобгарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳама шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии мустақим дорад,- гуфт Мансур Олимзод. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳо самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа решаи чуқур давонад. Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳои пешгирии истилоҳҳои гуногун баён шуда, оид ба ин амали зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода мешуд, то ин ки он ҳадди ақал имкон аз байн бардошта шавад ва шароити мусоиде барои халқ дар ҳамагуна соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад. Дар баромади худ Ќурбонзода Манучеҳр Мусо, нозири ҳамин шуъба, лейтенантӣ калони адлияи оид ба натиҷаи чанде пеш санҷиши гузаронида шуда, оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қайд намуд, ки камбудиҳо дар ҳуҷҷатгузории ташкилоту корхонаҳо дида мешуд ва барои бартараф намудани онҳо ба масъулин мӯҳлат дода шуд.
«Кӯшониён»