Бахшида ба ҷашни бошукӯҳи иди Ғалаба дар Ҷамоати деҳотӣ Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони ноҳия, чорабинии фарҳангию фароғати баргузор гардид. Ба хотири пос доштан рӯҳи шаҳидоне, ки баҳрӣ ҳимояи марзу буми Ватан, бар зидди фашистон ҷангиданд, Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия бо ҳамроҳии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, дар назди муҷассамаи бахшида ба ҶБВ гулчамбар гузоштанд. Баҳри табрик намудани собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳия ҷамъомадӣ калон доир гардид.
Сараввал Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён дар табрикоти худ, ҳамаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро, ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки рӯзи ғалабаи бузург дар китоби таърихӣ миллати мо саҳифаи намоёне ба шумор меравад, ки дар он корнамоиҳои ибратомӯзи падарону бобоён ва бародарони мо дар майдонҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки мудҳиштарин ҷанг дар таърихӣ инсоният ба шумор меравад, бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Халқ шуҷоату қаҳрамонии онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо карда, хоки поки диёри худро ҳифз ва ҳаётӣ осоиштаро таъмин намудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Дар масири таърихӣ башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онро бо гузашти айём боз ҳам бештар мегардад ва мо то чӣ андоза бузургу ояндасоз будани онро дарк менамоем. Иди ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар байни мардуми сулҳпарвар 74-умин солгарди он ҷашн гирифта мешавад, аз ҳамин қабил санаҳои фаромӯшнопазир аст,- гуфт Ҷаббори Ғаффор. Ҳамзамон Ҳомидбек Давлатов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат ба сухан баромада зикр дошт, ки маҳорат, диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд, сазовори таҳсин аст. Ва мо ифтихор дорем, ки мардони баору номуси Ватани азизу биҳиштосои мо, низ қаторӣ дигар мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳрӣ ҳамдигар рост истода, сина сипар намуда марзу буми ватанро ҳимоя кардаанд. Бо тақозои раванди таърих халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронд, ки баъди гузашти солҳо миқёс, арзиш ва шаҳомати корнамоиҳои беназири иштирокчиёни он дар қалбу хотири ҳар фарди солиму ватандӯст равшантар мегардад,- афзуд ӯ.
Имрӯз аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз 518 нафари иштирокчиёни ҶБВ, 3 нафар қайди ҳаёт мебошанд. Муҳсиддинов Раҳмон, ки соли 1925 дар ноҳияи собиқ Даҳаннакиик ҳозира Хуросон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст, соли 1942, дар синӣ 16- солагӣ ӯ барои мубориза бурдан бар зидди фашизми гитлерӣ ба ҷанг рафтааст. Дар озод кардани давлати Украина, Беларуссия ва Полша диловариҳо нишон дода, ба муқобили душман ҷангидааст. Дар давраи ҷанг 6 маротиба ярадор шудааст. Ба сифатӣ разведкаи то соли 1947 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизматро давом додааст. Баъд ба ақибгоҳ ҷавоб шуда, ба зодгоҳаш баргаштааст. Ҳамчунин сержанти калон бо ордену медалҳои бисёре мукофотонида шудааст. Аз ҷумла медалҳои ҷашни 20, 25, 30, 40, 50, 60, 70- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфароз гардонида шудааст.
Шариф Сатторов соли таваллудаш 1923 буда, соли 1943 ба фронт рафтааст. Дар ҳайати фронти дуюми Сталинград то ба итмоми ҷанг корнамоиву мардонагӣ нишон дода, соли 1945 ба Ватан баргашт. Бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи дуюм, 14- медали ҷашни ба ифтихори Ғалаба ба бузургдошти Артиши Шӯравӣ қадр гардида, сокини деҳаи Лоиқи Шералии ноҳия мебошад. Ҳомид Бобоев, соли 1920 дар Ҷамоати деҳотӣ Навбаҳор таваллуд шудааст. Соли 1941 баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёран ба фронт рафта, дар ҳудудӣ давлатҳои Украина ва Беларуссия дар набардҳои зидди фашистони малъун иштирок кардааст.
Баъд аз ҷанг баргаштан соли 1943 дар хоҷагии халқи кишварамон пурмаҳсул меҳнат намуда, дар тарбияи ахлоқию фарҳангии наслӣ ҷавон ҳисса гузоштааст. Сокинони деҳаи Ваҳдат, сари синаи ӯро бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 5- медали ҷашни ба ифтихори иди Ғалаба бар фашизм, 100 солагии Маршал Жуков, 100- солагии Ленин, 40,50,60,70- солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ зиннат медиҳад. Бахшида ба ҷашни 74-умин солгарди иди ғалаба ба ҳар яки онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 1 ҳазору 500 сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 500 сомонӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷом аз тарафи шуъбаи фарҳангӣ ноҳия, ба хотири болидахотирии иштирокдорон ва собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.
«Кӯшониён»