Оила - макони тарбия

   Оила ин асоси тарбия ва инкишофи инсоният ба шумор меравад.   Оила ин ҳаёт аст, умед асту орзу, ишқ асту муҳаббат, роҳест тулонӣ, маҷрои пурпечу тобест, ки маҳз инсони комилақлу соҳибхирад, босабру  ботаҳаммул ва собитқадаму пухтакор  метавонад ин шоҳроҳро тай кунад. Инсоне, ки дар оилаи худ хушбахт нест, наметавонад дар ҷодаи ҳаёт муваффақ бошад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як оила чӣ қадар солим ва мустаҳкам бошад, ҷомеа низ бо ҳамон андоза солим ва мустаҳкам мегардад. Агар гӯем, ки оила нахустин иморати муҳташами давлати соҳибистиқлол аст, хато нахоҳем кард.

     Оила кошонаи муқаддас аст. Агар зану шавҳар як тану як ҷон шуда  тавонанд, калонсолон нисбати тақдири оилаҳои ҷавону фарзандон бепарво набошанд, рӯзгор ободу оила солим мешавад.

     Пойдории мамлакат аз устувории оилаҳо сарчашма мегирад. Масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён кулли мардуми Ватани азизамонро бо «Рӯзи Оила»  муборакбод мегӯяд. Бигузор дар оилаҳои тоҷик ҳамеша хушбахтӣ танинандоз бошад.

 

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти ноҳия

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.