Истиқбол аз «Рӯзи оила» дар ноҳияи Кӯшониён

   Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии оила», чорабинии тантанавӣ дар Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки Боғигул Исломова, сармутахассиси  шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо  занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ташкилоти байналмиллалии PDV, Дилафрӯз Шукруллозода муовини раиси ноҳия, Саидраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия, Муслима Раҳмонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо,  оилаҳои собиқадор, ҷавонони навхонадор ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

   Сараввал Боғигул Исломова, сармутахассиси  шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо  занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табрикоти худ, ҳамаи занони ноҳияро ба ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта иброз дошт, ки имрӯзҳо занону духтарони тоҷик бо фарҳанг ва маданияти волои тоҷикона дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифи намуданд. Имрӯзҳо духтарони тоҷик дар озмуну чорабиниҳо, мусобиқаҳои сатҳи баланд иштирок карда ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд, ки ин ифтихори миллатӣ кӯҳанфарҳанги тоҷикон мебошад.

   Зимни баромадаш  Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия гуфт, ки  барои оила барпо намудани ҳарду тараф  омода бошанд, зеро оила сутуни комёбиҳои ояндаи ҳаёти ҳар як шахс аст, ки танҳо ба туфайли муҳаббат, эҳтироми якдигар ва якдигарфаҳмии байни аъзоёни оила ба он ноил шудан муяссар мегардад,- афзуд Дилафрӯз Шукруллозода

IMG_6618-2.jpg

   Саидраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия,  зикр намуд, ки ҳар як падару модар вазифадор аст, ки пеш аз хонадор сохтани фарзандаш аз нозукиҳо ва баланду пасти зиндаги омӯзонаду ба роҳи рост онҳоро ҳидоят намояд. Ҳастан оилаҳое, ки бо андак нофаҳми аз ҳамдигар ҷудо мешванд, чун ки онҳо худ чӣ будани зиндагиро сарфаҳм намераванд. Пеш аз он, ки ходими дин, никоҳи дини мебандад ё ин, ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳро медиҳад, аз кодекси оила ва ҳуқуқ уҳдадориҳои якдигарро ба онҳо фаҳмонанд»- гуфт Саидраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия. Ҳамчунин ба оилаҳои собиқадоро ва оилаи намунавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои моли тақдим карда шуд. Дар фарҷом аз тарафи шуъбаи фарҳанги ноҳия баҳри болидахотири иштирокдорон суруду саҳначаҳои тарбиявӣ пешкаши ҳозирин гардид.

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.