Семинар-машварати директорони марказҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон

   Ба хотири бештар иттилоъ пайдо намудан, аз ҳунару фарҳанги хоси тоҷикона, дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Хушнамо Ҳафиззода, нозири қадри муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон, директорони муассисаҳои таълимии вилоят, роҳбарони маҳфилҳои доимамалкунанда, семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои дастии занони ҳунарманди ноҳияи Кӯшониён дидан намуда, ки ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.

IMG_6573-2.jpg

   С. Хушмадова, директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия гуфт, ки мо шукронаи сулҳу субот ва ифтихор аз он дорем, ки роҳбари давлатамон барои занону духтарони кишварамон ғамхори менамояд. Занони ноҳияи Кӯшониён аз эълон гардидани соли 2018 ва солҳои 2019-2021 солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд гашта ҳунарҳои бофандагию кашидадӯзӣ дубора аз нав зинда шуд, ки хонаҳои арӯсҳои гулдухтарони тоҷик бо нақшҳои зебои либосҳои миллии тоҷикона боз ҳам зеботару рӯшантар гардиданд,- гуфт  С. Хушмадова. Дар фарҷом аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, баҳри болидахотири меҳмонон ва иштирокдорон суруду рақсҳои ҷаззоб пешниҳод намуданд.

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.