Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила саннаи 15-уми майи соли равон дар муассисаи Президентии ноҳияи Кӯшониён чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабини Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова М., оилаҳои намунавии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғоз Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова М. иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо суханони самими табрику шодбош намуда, қайд намуд, ки ободию маърифат ва фарҳангу ахлоқи ҳар давлат пеш аз ҳама аз ободию дониш ва маданияти мардуми он ва пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад. Ҷамъият аз оила иборат аст ва оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори ҷамъият ба шумор меравад.
Ҳамзамон оид ба сиёсати инсондӯстона, башардӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баргардонидани 84 ноболиғи тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ андешарони намуд.
Дар рафти чорабини аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизби супориданд.
Дар охир, омӯзгороне, ки барои саҳми арзанда дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизбӣ пирӯзу пешоҳанги ҷомеа ва иштироки фаъолона дар тамоми чорабиниҳои ҳизбӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардонида шуданд.
ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён