Тавре аз Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, Фотима Пирова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25- и ноҳияи Кӯшониён дар мусобиқаи варзишии байналмиллалӣ оид ба шоҳмот байни занон, ки дар давлати Булғория баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм гашт. То ба ин пирӯзи расидан, Пирова Фотима дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гашта, роҳхат ба мусобиқаи байналмилалиро сазовор гардид. Аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия, вилояти Хатлон ва Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ бо туҳфаҳои моливу пули ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуд.
«Кӯшониён»