Пирова Фотима зодаи ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Заргар, хатмкартаи МТМУ №14-и ноҳия мебошад. Соли 2012 ба ДДК ба номи Н.Хусрав, ба факултаи таърих ва ҳуқуқ дохил шуда ва соли 2018 хатм намуд. Айни замон дар мактаби варзишии наврасону ҷавонони ноҳия кору фаъолият дорад. Аз хурди ба намуди варзиши шоҳмот шавқу рағбат дошт, зеро ки падараш Пиров Гурез номзади устоди варзиш оид бо шоҳмот мебошад. Фотима ҳамчун фарзанди хурди касби падарашро аз худ кард.
Аввалин бор соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мусобиқи Ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал гашта. Аввалин шуда дар вилояти Хатлон чунин мувафақиятро сазовор гашт. Новобаста аз ҷавониаш ӯ шогирдони зиёд дорад, яке аз онҳо Сайфулоев Садам дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шохмот иштирок намуда, сазавори ҷои 2 гашт. Исломов Миралӣ дар мусобиқаи вилоятӣ сазовори ҷои якум гашт ва инчунин Фараҳнози Илҳом дар мусобиқаи ноҳиявӣ сазовори ҷои якум гардидаанд. Ӯ аз касби интихоб намудааш ифтихор менамояд зеро, ки ин намуди варзиш бениҳоят ба фикронӣ ва ақидаи инсон таъсир бахш мебошад. Пирова Фотима дар оянда мақсад дорад, ки дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба шоҳмот иштирок намуда, сазовори ҷои намоён гашта, парчами Тоҷикистони азизамонро дар сатҳи байналмиллалӣ боло бардорад.
Нахусин чавондухтаре, ки аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмотро сазовор гардидааст. Ф.Пирова чемпиони 5 каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин бор соли 2018 дар Ҷумҳурии Булғория дар спартакиадаи байналмиллали оид бо шоҳмот аз вилояти Хатлон иштирок намуда, сазовори ҷои 2 гашт.
Муҳаммад Шарипов