Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар МТМУ №39-и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии фарҳангӣ доир гашт.
Дар чорабини намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷавононро бо фарорасии Рӯзи ҷавонон табрик намуда, қайд карданд, ки мо, ҷавонони даврони Истиқлолият ба тамоми таваҷҷӯҳу ғамхориҳои роҳбарияти кишвар фаро гирифта шудаем. Бояд, ки дониши сиёсии худро баланд карда, баҳри пешбурди имрӯзу фардои давлату миллат ҳаматарафа кӯшиш намоем.
Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавононро мебояд, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.
Дар хотима аъзоёни фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардонида шуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён