Рӯзи 19 майи соли равон дар чорчубаи як зумра чорабиниҳо, бахшида ба ҳафтаи ҷавонон, дар маркази ноҳия бо иштироки тамоми ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва духтарони варзишгар дави миллӣ доир гардид.
Сараввал барои солимии ҷисму ҷони худ аз субҳи содиқ, кормандони идораву муассисаҳо ҳамроҳ бо ҷавонону наврасон машқи пагоҳирӯзи намуда, ба хотири ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва он ҷавонону наврасоне, ки ҳунару маҳорати дучархарони доштанд барои онҳо марафони дучархарони доир гардид. Сипас бо иштироки васеи ҷавонону наврасон аз назди бинои шуъбаи маорифи ноҳия то назди бинои Кохи фарҳанг бо назорати доварони таҷрибадор байни худ сабқати давидан намуданд. Дар баробари писарон низ духтарон худро дар канор нагузошта ҳунару маҳорати хешро нишон дода аз назди бинои Ҷамоати шаҳрак то назди бинои Кохи фарҳанг байни худ мусобиқа намуданд. Барои онҳое, ки ҷойҳои якум, дуюм ва семро ишғол намуданд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
Муҳаммад Шарипов
Аҳлиддини Муборакшоҳ