Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои рӯ ба инкишофниҳода буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд менамояд.
Паёми имсолаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати милли пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон барои мардуми шариф ва сарбаланди Тоҷикистон оинаи дунёи наву дурхшони созандагиҳои тазатареро бозкушои намуда, дар зеҳн ва тафаккури рушд намудаи миллагй сарбаландамон боз як гардиши умедро ҷониби дастовардҳои назаррас, расидан ба балантарин қулаҳои мувафақият, гузоштани қадамҳои неруманду ҳадафмандона ҷониби ояндаи кишварро ба вуҷуд овард.
Паёми ҳарсолаи пешваи миллатро метавон роҳнамои сабзи зиндагисози ҳамасолаи мардуми шарифи диёр номид. Паёми имсолаи пешваи миллат назар ба паёмҳои солҳои гузашта фарқ дорад. Паёми имсола бар чанд ҷабҳа ва ҳадафҳои нав равона карда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масълаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нурии инсонй, такмили низоми идорави давлатй, тавсеаи имкониятҳои содироти мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорй, инкишофи бахши хусуси ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст. Яке аз он ҳадафҳо нави Ҳукумати Ҷумҳури соҳаи саноат мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат таъкид намуда иброз доштанд “Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масълаҳои иқтисодиву иҷтимой ва таъсиси ҷойҳои корй пешниҳод менамоям, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллй эълон карда шавад.”
Яке аз ҳадафҳои стратегияи милли расидан ба истиқлолияти энергетики мебошад, ки ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миллиардҳо сомионӣ масраф мекунад, то ин ки истиқлолияти энергетикиро дар Ҷумҳури таъмин намояд, Хушбахтона дар баробари дастовардҳои дар паём зикр шуда барои ҳаммаи миллати тоҷик муътабартар ин билохира ба кор даромадани агрегати аввали Неругоҳи Барқии Роғун мебошад, ки интизориҳои тулонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бароварда сохт. Ин иншооти бузург ва тақдирсоз ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик роҳи азимеро кушода қадами устуворе баҳри расидан ба истиқлолияти энергетики маҳсуб меёбад. Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон зарур мебошад, дар баробари расидан ба истиқлолияти энергетики умедвор ҳастем на танҳо мардуми тоҷик ба қувваи барқ таъмин карда мешавад балки давлатҳои ҳамсояро низ таъмин мекунад, ки ин фоида ба буҷети мамлакат мебошад. Чунон чи нишонаҳои инро мешоҳида кардем дар суханронии Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш чунин иброз дошанд. “Соли ҷорй мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикй қадами устувор гузоштем, балки барои аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ содирот кардем.”
Чунончи бузургон гуфтаанд агар бехоҳи давлатат сармоядор шавад роҳ бисоз такя ба ин сухан гуфтани ҳастам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи дуюми стратегии худро барои аз бумбасти комуникатсиони амали гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолалии Раҳмон дар паёми навбатии имсола нисбати амали гардидани ҳадафи дувум чунин қайд карданд. Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шаҳроҳҳои мошингарди байналмилалй ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадй бо Узбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионй раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалй гардид.
Дар паёми навбати ба мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли кули масълаҳои ҷамъяти ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолалии Раҳмон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот эълон шуд. Дар паёми навбат пешвои миллат чунин эълон кардаанд. “Бо мақсади вусъат бахшида ба ҳалли масълаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “соли рушҳди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумй” эълон карда шаванд.”
Пешвои миллат Ҳукумати мамлакатро вазифадор карданд то барои амали гардонидани ин амал татбирҳо андешанд чунин иброз дошта шуд. “Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои расидан ба мақсади зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ,ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табий, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангй, фароҳам овардани шароит барои сайёоҳии экологй, табобатй, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловаги андешад.”
Дар раванди ҷаҳонишави давлатҳои қудратманд на ҳамеша барои кишвари мо таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳар як восита кушиш намуданд ҷавонони кишвари моро фирефта намуда, онҳоро дар набардҳои бе маъни давлатҳои ноором истифода мебурданд. Қариб дар ҳама паёмҳо сарвари давлат нисбати тероризм ва экстромизм суҳбат мекунанд. Ҷомеъаи ҷаҳониро аз хатари тероризм огоҳ мекунад, ва низ дар паёми навбати якбори дигар байён доштанд. “Дар паёмҳои қабли ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари тероризм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шидати ин хатарро таҳдидҳои ҷаҳони, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.”
Ҳол онки дар китоби муқаддаси Қуръони Карим омадааст:
“Ва ҳар ки бикушад ба қасд, пас цазои вай дузах аст. Ҷовидон бошад дар он ва лаънат кунад бару ва омода кардааст бароиу азоби бузургро”.
Хушбахтона дар заминаи сиёсати роҳбарияти оллии кишвар мушкилоти зайл то як андоза ҳалли худро дарёфт. Нерӯи созандаи ҷавонон барои ҳар як кишвар аз ояндаи дурахшонаш башорат медиҳанд. Ҳамин аст ки соли 2017 дар Паёми Пешвоии миллат соли ҷавонон элон шудда давоми соли сипари шуда бо мақсади боло бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеъа сисилачорабиниҳои судманд роҳандозӣ гардида буд. Ҷавонони имруз бо пуштибони аз сиёсату ғамхориҳои Пешвоии миллат, зираки сиёсиро аз даст надода, имрузҳо баҳри ҳимояи марзу буми кишвари худ ободиву осоиштагии ҳар як гушаи ватани хеш талош варзида дар тамоми соҳаҳо саҳми созгори хешро мегузоранд. Паёми навбати асосогузори сулҳу ваҳдати миллй Пешвоии миллат мӯҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақти масъалаҳои вобаста ба таъмини нишодиҳандаҳои дурнамои соли 2019 буд барои мардуми кишвар беҳтарин дастурамал маҳсуб меёбад. Ин паём хусусиятҳои худро дошта тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардуми кишварро фарогир аст. Дар раванди қисмати аввали суханрониҳои хеш Пешвоии миллат ёдовар шуд, ки давлатҳои ором ва тарақи карда аз таъсири гурӯҳҳои террористи ноором гардидаанд. Пешвои миллат пайваста мардуми кишварро таъкид менамоянд, ки ғамхору ободгари ватани хеш буда, кушиш намоем фарзандон дар руҳияи солим ба камол расанд.
Илова бар ин вазифаи муқаддаси мо боло бардоштани маънавиёти ҳамдиёрон буда, дар партави матлаби дину мазҳабамон мардуми кишварро хосса ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагй талқин намоем. Чунки ҳанӯз ҳам ашки ғами модарҳое, ки фарзандонашон дар давлатҳои ҷангзада бе ному нишон гардидаанд, қарор нагирифта аст. Бо пушитибони аз чунин як дини муназзаҳ аз амалҳои ғайр сарвари давлатамон аз минбари бонуфузи СММ таъкид намуда буданд, ки Террорист на дин дораду на миллат. Ва ҳамагуна амалҳои даҳшатборро аз номи Ислом маҳкум карда муаррифгари чунин як дини созгор буд.
Президенти мамлакат марбут ба масъалаи солимии ҷомеа, амнияти озуқаворй, эҳёи расму оинҳои миллиамон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда дар паёмашон даъват ба амал оварданд, ки намояндагони ташкилоту муассисаҳо, масъулони соҳаву соҳибкорони ватаниро лозим аст ашхоси муҳтоҷу ниёзманд, хоса пирони барҷомондаву танҳо ва ятимонро дастгирй намоянд. Бо мақсади татбиқи чунин дастуру тавсияҳои ҳикматбори пешвои миллат аҳли бошандагони ҷамоати деҳоти Заргар-и ноҳияи Кӯшониён низ тасмим гирифтанд дар амал чораҳои лозима андешанд. Баробари татбиқ намудани нуқтаҳои муҳими паём баҳри оромиву осоиштагй ва сулҳу суботи кишвар мусоидат намоянд. Имруз Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷу ором буда, дину мазҳабамон низ бо пуштибони аз роҳбарияти олии кишвар сайқал меёбад. Бо назардошти ин ҳама ғамхориҳои беназири президенти мамлакат сокинони ҷамоати деҳоти Заргар баҳри амали намудани мақсадҳои хеш нақшаҳои судмандашонро тарҳрезӣ намуда, ният доранд ҷараёни соли 2019 ташаббускор бошанд. Имруз пеш аз ҳама мардуми кишвар шукргузоранд аз тинҷиву оромй аз ҳаёти осоиштаву ороми хеш ва омадааст, ки
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Ва бо ҳамин мазмун дар сураҳои Қуръони низ ишора шудааст, ки агар шукронаи неъматро ба ҷой оварем неъмату баракат афзун мешавад. Пас моро лозим аст шукргузориро аз тинҷиву амнияти ватан оғоз намуда бо меҳнати софдилонаи хеш вазъи рузгорамонро боз ҳам беҳтару рангин созем. Ва ин асг маънои камологи инсони дар руҳияи ватандориву хештаншиноси. Бо дарки моҳияти Паёми Пешвои миллат мо ходимони дин талош меварзем, ки аҳли бошандагони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон сафарбар намоянд.
Имоми масҷиди ҷомеи ба номи Қори Абдулмаҷиди
деҳаи М.Турсунзодаи ноҳияи Кӯшониён
Тошпулотов Н.И.