Рӯзи 22 майи соли равон ба хотири аз наздик шиносои пайдо намудан бо соҳаи тандурустии ноҳия ва таҷҳизотҳои кории муассисаҳои тандурустӣ, Раҷабзода. М сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дидан намуданд.
Зимни боздиди хеш М.Раҷабзода сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба кормандони беморхонаи марказии ноҳия тавсия дод, ки бо беморон хушмуомила ва эҳтироми онҳоро ба ҷо биёваранд, зеро бо умеди калон бемор ба назди духтур меояд, то ки аз бемории худ ба духтур муроҷиат намояд, гуфт- Раҷабзода .М
Пас аз дидан намудан аз беморхонаи марказии ноҳия М.Раҷабзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ доир намуда, аз муваффақиятҳо ва он камбудиҳое, ки дар рафти корӣ ба мушоҳида расиданд, сухан карда ва барои ислоҳи он камбудиҳои чашмрас ба масъулини соҳа дастуру супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф карда шаванд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ