Ба хотир дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар, дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешвад.
Дар партавӣ ҳамин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташшббуси шуъбаи маорифи ноҳия, байни ҷавонону наврасон ва китобхонаҳои ноҳия, озмуни китобдор ва китобхонаи беҳтарин гузаронида шуд, ки ҷамбасти озмун, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 ноҳия, бо иштроки Насриддин Давлатзода шоир, намояндагони маорифи ноҳия, роҳбарони китобхонаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон баргузор гардид.
Насриддин Давлатзода, иброз дошт, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем, зеро имрӯзҳо Ҳукумати кишварамон баҳри рушд намудани сатҳи ҷаҳонбинии ҷавонон кӯшиш талошҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Ҷавонону наврасонро аз фарҳангу тамадуни бойи тоҷикон омӯзонем, то ки бидонанд, гузаштагонамон барои ба даст оврадан ва муаррифӣ сохтани номи тоҷик чӣ азобу машақтҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Имрӯзҳо шоирони ҷавон дорем, ки маҳорати шеърнависи доранд, аммо онҳоро зарур аст, ки аз болои худ кор кунанд, бештар китоб мутолиа кунанд, то ки ба дарки шеърнависи сарфаҳм раванду он нозикҳое ки дар шеър аст, дар худ дарк намоянд,- гуфт Насриддин Давлатзода, шоир
Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур таъкид гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат, дар рӯҳияи созандагию, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳторм ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташккули ҷаҳонбинии илмӣ равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабадории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва техналогияи муосир ба шумор меравад. Дар чорабини қайд гардид, ки Тавре, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва ба ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ашъори шоирони классику муосир ва ҳамчунин аз шеърҳои тозаэҷоди Насриддин Давлатзода замзама намуданд.
Баҳри ҳавасмандгардонии роҳбарони китбохоначиён муассиасаҳои таълимии ноҳия, ки ҷойи якумро китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №14- и ноҳия, аз рӯи китобхонаи беҳтарин сазовар гашт ва аз рӯи китобдори беҳтарин бошад, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳия, ба даст оварда ба онҳо сипоснома ва ифитхорномаи шуъбаи маориф ноҳия тақидим карда шуд.
Мушовири маорифи ноҳия оид, ба китобу китобдори
Нозимҷон Зубайдов