Мо якҷоя Ватан обод мекунем!

   Сафари кории Пешвои миллат рузи  23 майи  соли равон ба ноҳияи Дангара доир гардид. Аз ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, вазъи воқеии ҳаёти сокинони ин ноҳияи таърихӣ, рафти омодагиҳо ҷиҳати дар сатхи баланди ташкилӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллиамон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ватани маҳбуби ҳар яки мост, шиносоӣ сурат гирифт. Бо дасти ҷавонони хайрхоҳи ноҳия аз деҳот ба шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфтани деҳоти Пушинг аз он шаҳодат медиҳад, ки ташабусҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти созандавгиву бунёдкорӣ ва ободонӣ дар минтақаҳои гуногуни кишари маҳбубамон ҳамовозӣ ва дастигирии амалии худро пайдо кардаанд. Ҷавонони ватани азизамон, ки пайравони асили пешвои миллатамон мебошанд, бори дигар бо бунёди иншоотҳои хурду миёнаи дорои аҳамияти мухим барои хизматрасонии ҳудуди дехот, собит карданд, ки барои  истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатиамон бо нангу номуси баланди ватандорӣ софдилона саҳми арзандаи хешро мегузранд.

   Дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Пешвои миллатамон бори дигар ҷиҳати таьмини рушди босуботи бахшу соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатамон аз ҷумла ба вазъи соҳаи кишоварзӣ ва таьмини рушди босуботи соҳаи иқтисодиёти кишварамон таваҷҷуҳ карданд, вазифагузорӣ намуданд ва ба масъулони соҳа  дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд.  

 

 

Шукруллозода Д.

Муовини раиси ноҳия

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.