Насриддин Давлатзода соли 1953 дар деҳаи Кирови ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №25-и деҳаро хатм намуда, ба омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ - равшаннамои ноҳияи собиқ Ленин ( ҳоло Рӯдакӣ ) дохил шуда, таҳсилро идома додааст. Солҳои 1974-1976 дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари Чехославакия хизмати ҳарбиро ба анҷом овардааст.
Соли 1976 пас аз хатми омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ - равшаннамои дар деҳаи «18-солагии Октябр»-и ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ба ҳайси директори хонаи маданияти деҳотӣ фаолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Солҳои 1981-1983 дар вазифаҳои мудири автоклуби №4, солҳои 1983-1985 методисти шуъбаи фарҳанг, солҳои 1985-1990 директори клуби муттамарказонидашудаи хоҷагии М.Горкийи ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён), солҳои 1990-1991 соҳибкор ва солҳои 1991-1997 ба сифати мудири шуъбаи маданӣ-маърифатии Маркази илмӣ -методии фарҳанги вилояти Хатлон кор кардааст.
Аз солҳои 1997 то ба имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Кӯшониён ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.
Оиладор, соҳиби 7-нафар фарзанд мебошад.
Номи Насриддин Давлатзода тавассути китоби аввалинаш - «Давлати поянда» аллакай ба хонандагон маълум мебошад. Мавсуф аз солҳои 80-уми асри гузашта ба таълифи шеъру тарона, ҳикояву саҳнача ва мақолаҳои илмиву оммавӣ пардохта дар ин ҷода таҷрибаи бойи эҷодӣ низ пайдо кардааст. Номбурда солҳои 1987 - 1992 узви маҳфили адабии вилоятии «Гулбарг» (Роҳбараш шодравон Пиримқул Сатторӣ), солҳои 1993 - 2006 узви маҳфили адабии вилоятии «Хайрандеш» (роҳбараш Хайриддин Қурбонов) ва се сол боз узви фаъоли маҳфили адабии «Гулбазм»-и шаҳри Сарбанд (ҳоло Леваканд) (роҳбараш Раҷабалӣ Худоёрзодаи Дилҷӯ) мебошад.
Насриддин Давлатзода инак маҷмӯаи дуюмини назмию насрии худро бо номи «Ҳадяи Яздон» пешкаши рози дили хеш ошно месозад. Маҷмӯаи мазкур асосан аз шеърҳои дар давоми ду-се соли охир гуфтаи шоир иборат мебошад ва он аз шеъру тарона, мақолаю саҳначаҳои муаллиф мураттаб гардидааст.
Маҷмӯаи «Ҳадяи Яздон» осори назмию насрии муаллифро дар бар гирифта, аз бахшҳои «Ашъори ватандӯстона», «Шеърҳои баҳорӣ», «Тавсифнома», «Модарнома», «Шеърҳои ошиқона» ва қисмати насрии он аз «Таронаҳо», «Саҳначаҳо» ва бахши «Таҳқиқ» таркиб ёфтаанд.
Дар бахши «Ашъори ватандӯстона» бештари шеърҳо дар васфу ситоиши Тоҷикистон, забони тоҷикӣ ва табиати диёр, панду андарз ва ғайра мавзӯъҳо бахшида шудаанд. Масъалан, дар шеъри «Тоҷикистон» ба чунин сатрҳо рӯ ба рӯ мешавам, ки дар замири кас нисбат ба Ватан меҳру муҳаббат афзун мешавад:
Дӯст медорам туро аз ҷону дил,
Тоҷикистон ҳадяи Яздони ман.
Муҳаммад Шарипов