Бо мақсади дасти ёри дароз намудан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа имрӯз бо ташабббуси раиси Ҷамоати деҳоти Заргар Юсуфзода Абдуҷаббор ва саҳми бевоситаи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоат ба 14- нафар ятимони Кулли ҳудуди Ҷамоат ба маблағи умумии 2800 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 200 сомониги кумаки моддии яквақтаина расонида шуд.
Дар чорабинии туҳфасӯпори муовини раиси Ҷамоати деҳоти Заргар Абдуллоев Абдулҳамид иштирок карда бо яко-яки онҳо аз наздик суҳбат ороста дар вазъияти тантанавии идонаи Иди саиди Фитр туҳфаи таъсиснамудаи мақомоти маҳаллиро ба соҳибонашон супорид.
Дар навбати худ ин ниёзмандон ваъда доданд, ки бо одобу ахлоқи намунавӣ ва сатҳи дониши азхудкардаи худ дар оянда парчамбардорони давлату миллат хоҳанд шуд.
Онҳо изҳор доштанд, ки ин амали некӣ кормандони Ҷамоати деҳоти Заргар идомаи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ятимони кул мебошад.
Чунин амалҳои нек минбаъд низ аз ҷониби Ҷамоати деҳоти Заргар ба нақша гирифта шуда дар айёми иду ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Муовини идеологии Ҷамоати деҳоти Заргар
Абдуллоев Абдулҳамид