Гавҳар Шарафзода - Забонро ҳифз бояд кард

   Бо мақсади пешгири намудани  хатогиҳое, ки дар номгузории фарзандон, навиштаҷотҳо, фурӯшгоҳҳо ва ошхонаҳо истифода мешаванд, тибқи нақша чорабинии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Гавҳар Шарафзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия вохӯрии судманд сурат гирифт.

    Гавҳар Шарафзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки имрӯзҳо ҳастанд нафароне ба фарзандонашон номҳои бегонаро мегузоранд, ки ин хилофи қонунҳои амалкунандаи кишварамон мебошад.   Ҳамчунин ӯ илова намуда иброз дошт, ки забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихӣ гузаштаи он, дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад. Гузаштагони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелод дорои  як забони муштараки Ориёӣ буданд. Насли имрӯза ва ояндаи мо бояд, дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихӣ забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.

   IMG_7147.JPG

   Имрӯзҳо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро яке аз вазифаҳои муқаддаси худ медонад - афзуд Гавҳар Шарафзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар фарҷом ба масъулини сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки танҳо аз рӯи феҳристи номҳои миллии тоҷикона ба кӯдакон номгузорӣ карда шавад.

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 3.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.