Бо мақсади пешгири намудани зӯроварӣ дар оила ва тарбия намудани насли наврас оиди оиладорӣ, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия, дар Кохи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии PDV аз тарафи театри давлатии вилояти Хатлон ба номи Атто Муҳаммадҷонов, саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуд.
Cараввал Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, зимни баромади хеш қайд дошт, ки баҳри пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва бекор кардани ақди никоҳ бо иқдоми неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2015-ро “Соли оила” эълон карда шуд ва дар имсол ҷудошавии оилаҳои ҷавон бо суръат ба пастӣ рафт, аммо мутаассифона тайи чанд соли охир ин раванд рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст, ки ҷомеаи кишварамонро бетаъсир намегузорад. Ҳар яки моро зарур аст, ки барои пешгирӣ намудани ин амалҳои ҷавонон саҳми хешро гузорем. Чунки ҳангоми оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, кӯдакон дар байни роҳ мемонанд ва аз таълиму тарбияи падару модар дур мешаванд,”- афзуд Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия.
Ба хотири бештар дарк намудани равиши саҳначаи тарбиявӣ байни масъулин ва иштирокдорон суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.
Аксҳо аз рафти саҳначаи тарбиявӣ:
Аҳлиддини Муборакшоҳ