Дар асосси банди 4-и Нақшаи муштараки аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба пешбурди корҳои маърифатию тарғиботӣ ва чорабиниҳои фарҳангию иттилоотӣ дар масъалаҳои пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №1409 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бахшида ба 26 июн «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди маводи мухаддир» санаи 19 июни соли 2019 соати 900 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия семинар - машварати омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Инчунин тибқи нақша чунин семинар – машваратҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешавад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳия