Вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо ҷавонон

   Ба хотири пешгири намудани ҷинояту ҷинояткорӣбайни ҷавонону наврасон ва ноболиғон, дар Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи ноболиғон дар вилояти Хатлон, Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Саидраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия, А. Мирзозода сардори  ШВКД  дар ноҳия, Бахтиёр Ёқубов, сардори Кумитаи давлатии Амнияти миллӣдар ноҳия, Парвиз Пирзода, муовини прокурорӣноҳия бо ҷавонону наврасон вохӯрии судманд баргузор гардид.

   Саидраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия гуфт, ки ҳар як падару модарро зарур аст, ки фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣтарбият намоянд, зеро баъзе падару модароне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон хунукназарона рафтор мекунанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, баҳри дар шароити мусоид таҳсил намудани ҷавонону наврасон, дар кишварамон чандин муассисаҳои таҳсилоти олӣва миёна ба истифода дода шудааст. Ба ин ғамхориҳои беназири Пешвои муаззамамон бояд содиқона ҷавонон наврасон хизмат намоянд,-афзуд Саидраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия.

   Сипас,  А. Мирзозода, сардори  ШВКД  дар ноҳияи Кӯшониён иброз дошт, ки дар 5 моҳи соли равон 20 ҷиноят аз ҷониби 7 ноболиғи ноҳия ба қайд гирифта шуд, ки нисбати онҳо чораҳои зарури андешиданд. Ҳамчунин беш аз 40 ҷиноят аз тарафи 27 ҷавон дар ҳамин давраи соли ҷорӣсодир карда шуд. Барои пешгири намудани ҷинояту ҷинояткори байни ҷавонону наврасон бештар корҳои таблиғоти гузаронида шавад, чунки имрӯзҳо ҳукумати кишварамон, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва ҷаҳонбинии ҷавонону наврасон диққати ҷидди дода истодааст гуфт, - А. Мирзозода, сардори  ШВКД  дар ноҳияи Кӯшониён.

   Бахтиёр Ёқубов, сардори Кумитаи давлатии Амнияти миллӣдар ноҳия, байён намуд, ки имрӯз яке аз хатари калонтарин дар минтақа ва ҷаҳон ба амал омадааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин хатари номатлуб Тоҷикистонро низ бе таъсир намегузорад, ин ҳам бошад хавфу хатари  террористию экстремистӣва шомил шудани ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои инфироди мебошад. Бештари ҷавонону наврасон ба сомонаҳои иҷтимоӣдастраси доранд ва имрӯзҳо ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти тариқи сомонаҳои иҷтимоӣҷавонону наврасонро ба гурӯҳои худ  даъват менамоянд. Ҳангоми ворид шудан ба интернет бо чунин ашхос суҳбат ё ин, ки дӯсти накунанд, вақте, ки бо онҳо муошират мекунанд онҳо низ дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

   Дар фарҷом ҷавонону наврасон аз чунин вохӯрии сатҳи баланди кормандони ҳифзи ҳуқуқ миннатдорӣбайён карда, ваъда доданд, ки баҳри пойдории сулҳу суббот ва барои пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро мегузоранд.

 

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

IMG_7191.JPG IMG_7179.JPG

 

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.