Тоҷикистон садоратии Машваратро ба уҳда дорад!

   Мунтазам баргузории ҳамоишҳои калони сатҳи байналмиллалӣ дар ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо ҳамчун узви комилҳукуки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари аз лиҳози  ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ корсози собитқадам дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таваҷҷуҳи назари намояндагони созмонхои байналмиллалӣ  ва мавриди амал дар сайёра қарор дорад. Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  ,ки рӯзи 15 июн дар дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе таҳти раёсатии тарафи Тоҷикистон доир гардид, бори дигар аз он собит намуд. Сарони кишварҳои минтақаи Осиё дар нишасти навбатии кори машварат, ба масьалаҳои таҳкими муносибатҳои якдигарӣ дар фазои ноороми ҷаҳони муосир, тавсеа бахшидан ба ҳамкорихо дар самти  амният ва бехатарӣ дар Осиё, дар раванди мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир саҳм гузоштанро баррасӣ ва  ҳадафи асосии кори ҳамоиш арзёбӣ карданд. Пешвои миллатамон таъкид карданд, ки дар мархалаҳои бар дӯш доштани Машварат муколамаи созанда ва муоширати густурдаро миёни аъзоёни кишварҳои машварат ташкил намуда, шукуфоӣ ва рушди минтақаҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар диққати нишасти навбатиро барои  таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё дар доираи эътимоди комил равона кард. Тадбирҳои боварӣ имконият медихад, ки кишварҳои Осиё дар якҷоягӣ бар зидди хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризму ифротгарой ва кочоки  маводи мухаддир ки ба амнияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ хатар ба бор меорад, дастаҷамъона мубориза баранд. Пешвои миллатамон бори дигар таькид карданд, ки имрӯз замоне расидаст, ки ҷиҳати мубориза бар зидди ин хатарҳо равиши наверо дарёфт намуда, тадбирҳои муштараки таъхирнопазир  андешем.

   Воқеият аст, ки мардуми  Тоҷикистон баъди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳравандӣ моҳияти сулҳ ва амониву осоиштагиро амиқ дарк менамоянд ва онро гиромӣ дошта, чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоянд!

                                                                      

 

Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Шукруллозода Дилафрӯз

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.