Санаи 21 июни соли равон Бахшида ба рӯзи «26 июн - Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар» дар Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки Шамсиддин Халилов нозири шуъбаи кадрҳои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Исмоилзода Зафар Аҳмадхон, Намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён, Дилафрӯз Шукруллозода Муовини раиси ноҳия, А. Мирзозода сардори ШВКД дар ноҳия бо ҷавонону наврасон ва фаълони ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Пеш аз оғоз гардидани чорабинии мазкур бо иштироки зиёда аз 2 000 наврасону ҷавонон ва фаъолони ноҳия дар даст парчам ва шиору овезаҳо доир ба маҳкум намудани амали нашъмандӣ дар марказӣ Ҷамоат роҳпаймоӣ доир гардид.
Шамсиддин Халилов нозири шуъбаи кадрҳои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қайд намуданд, ки дар ноҳияи Кӯшониён 35 нафар гирифтори бемори нашъамандӣ мебошанд, ки аз ин шумора 2 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аксарияти ҷавонону наврасон ба кишварҳои хориҷа сафар мекунанд, вале забони хориҷиро балад нестанду бо чунин ашхоси нашъаманд ҳамсуҳбат ва дӯсти пайдо мекунанд ва оқибат онҳоро низ гирифтор мекунанд, ки оқибати нохуш дорад. Пеш аз он, ки ҷавонону наврасон ба кишварҳои хориҷа сафар мекунанд, аввалан забонҳои хориҷиро аз худ намоянд ва бо он нафаре, ки гирифтори чунин беморист худашонро дур сазанд, - мегӯяд Шамсиддин Ҳ. Ҳамчунин Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия зикр намуд, Нашъамандӣ яке аз ҳолатҳои номатлуби дунёи ҳозира мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар гузоштааст. Истеъмоли нашъа ин носолимии насли наврас мебошад. Ашхосе, ки ба ин гурӯҳи пур аз хавфу хатар ворид мегардад барои вай дигар ҷой, макон, ҷону фарзанд, молу сарват, қадру манзалат надорад. Вай доим кӯшиш мекунад, ки бо ҳар роҳ ки набошад коре карда маводи мухаддирро дастрас намуда, онро истеъмол намояд. Мутаассифона ин мушкилоти азим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Аксарияти ҷавонони сустирода аммо бо як санҷиши таъсири маводи мухаддир ба зулимоти ин амал меафтанду одат мекунанд. Ин аз маърифати паст ва ҷаҳонбинии тангу торик доштани онҳо далолат мекунад.
Дар фарҷом байни ҷавонону наврасон ва масъулин суолу ҷавоб сурат гирифт, ки ҷавонон ба суолҳои хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Аксҳо аз рафти роҳпаймоӣ:
Аҳлиддини Муборакшоҳ