Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги миллати тоҷик

   Бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди  рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи 26 июни соли равон, дар маркази ноҳия бо иштироки зиёда аз 5 ҳазор нафар сокинони ноҳия ҷамъ омада, шукронаи Ваҳдату сулҳу суботи кишвар намуда, ҳамдигаро шодбош  менамуданд.

   Сараавал дар кӯчаи марказии ноҳия, роҳпаймоии наврасону ҷавонон, пиру барно, кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Сипас бо роҳбарии  раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ва меҳмонони олиқадр  иштирокчиён ба ҷойи баргузории ҷамъомади тантанавӣ Кохи Фарҳангии тобистона ворид гаштанд. Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчун намоянда, Раъно Раҳимзода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуд.  Дар табрикоти худ, раиси ноҳия ҳамаи сокинони ноҳияро ба  рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта ёдовар шуд, ки “Барои мардуми тоҷик Ваҳдати миллӣ ба осони ба даст наомада талошу заҳматҳои бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари зебоманзари мо соҳиби ваҳдату истиқлолият гашт.  Мо бояд шукронаи сулҳу суботи кишваро намоем ва барои пешрафти диёри азизамон ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем зеро ҷавонон ояндаи давлату миллатанд”, - афзуд вай.  Дар чорабини инчунин ҷавонону наврасони ноҳия баромад намуда, шукронаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро мекунанд, ки имрӯзҳо ҷавонону нарасони даврони соҳибистиқлол имконият пайдо намуданд, ки онҳо низ дар баробари дигар ҷавонону наврасони кишварҳои абарқудрати дунё  дар донишгоҳои оли рафта таҳсили илм менамоянд.  Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллатамон ҷавонону наврасони ноҳия ваъда доданд, ки бо баҳои хуб аъло таҳсил намуда, барои пешрафту ободонии диёри азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Сипас аз тарафи раиси ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва як қатор кормандони шуъбаю бахшҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фаъолияти пурсамар, дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.   Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги ноҳия, барои болилидахотирии иштирокдорон гулдастаи ҳунариро иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Ваҳдату ватан сароиданд.

 

Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

IMG_7365.JPG IMG_7374.JPG

IMG_7465.JPG IMG_7405.JPG

 

 

 Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4.3 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.