Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

   Ба хотири дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба баргузории  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ғолибони озмун роҳхат ба сатҳи вилоятӣ дарёфт намуданд.

   Ҳафтаи сипаригардида дар толори  Кохи фарҳангии ноҳияи Кӯшониён, давраи ҷамъбасти ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»,  бо иштироки Озар Салимов, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрам Мирзоев, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Юсуф Амирхон, муовини сардори идораи  телевизион ва радиои вилояти Хатлон, Акрам Ризо, мушовири шуъбаи иттифоқи нависандагон дар вилояти Хатлон, Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва занону духтарони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳои сатҳи баланд, ин дарёфт намудани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод мебошад.

   Ҳамчунин дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, дар назди аъзоёни ҳакамон шеъру суруд, навохтани асбобҳои миллӣ, саҳначаи тарбиявӣ, рақс, маърӯза,  ровигӣ,  наттоқӣ, ва шоирони ҷавон шеърҳои тару тозаи хешро пешниҳод намуданд.   Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф  ва фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат, дар рӯҳияи созандагию, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ,  ватандӯстӣ,  эҳтиром ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардори ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва техналогияи муосир ба шумор меравад.  

 

Аксҳо аз рафти озмун:

IMG_7238.JPG IMG_7274.JPG

IMG_7286.JPG IMG_7272.JPG

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.