Санаи 3 июли соли равон бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумии ноҳия мусобиқаи хурди футбол бахшида ба "Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди гардиши маводи нашъаовар" ва таҷлили "Рӯзи Вахдати миллӣ" баргузор гардид. Дар мусобиқа 20 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқи футбол баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, беҳбуди бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни чавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани беҳтарин бозингарон ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва берун аз он мебошад.
Дар охир дидори дастаҳо бо ширкати мухлисони сершумори футбол баргузор гашт, ки ғолибон ва беҳтарин бозингарон муайян гардида бо туҳфаҳои таъсисдодаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён қадрдони гардиданд.
Аксҳо аз рафти мусобиқа:
Парвиз Азимов