Нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд

   Масъулияти волидайн дар тарбия таълим ва раванди инкишофи кӯдак нақши бағоят бузург дорад. Дар навбати аввал тарбия бояд ҷанбаи таълимӣ дошта бошад. Нахустин малакаи рафторро тифл аз волидайн меомӯзад. Ба шарофати онҳо ӯ таҷрибаи рафтору кирдор, фарҳангу ахлоқро аз бар намуда бо суннатҳо анъана ва тарзи муносибат ошно мешавад. Муҳити хонаводагӣ ва фазои  фарҳангии он ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кудак таъсири бузург мерасонад ва ҷавҳари рӯҳи инсон ташаккул меёбад. Тарбия дар чанд зина амалӣ мегардад. Дар зинаи якум, ки солҳои аввали зиндагиро фаро мегирад ташаккули одатҳо оғоз гардида онҳо асосан зери таъсири падару модар ва муҳит суръат мегирад. Яъне хонавода аз муҳимтарин воҳид ва рукни тарбия дар ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад. Ба волидайн лозим аст, ба кӯдак худ таълиму тарбияи дуруст диҳанд, зеро ӯ ба ин ҳаққу ҳуқуқи комил дорад. Агар падару модар фарзанди худро бо гуфтор ё амал тарбияи нек дода бошад фарзанд ҳам ба онҳо пайравӣ карда дар ҷомеъа корҳои хайрро анҷом медиҳад. Баъзе сифатҳои нек дар вуҷуди инсон решаҳои фигрӣ доранд ва кӯдак бо онҳо фарқ менамояд онҳоро дарк мекунад ва ба падару модар лозим аст он сифатҳои  некро тавре парвариш диҳанд, ки кӯдак дар худ ташаккул ва инкишоф додани он сифатҳои некро дарк намояд вазифаи худ донад. Ба хусус масъулияти модар дар ин бобат бештару бузургтар аст. Ҳатто чӣ тавр ғизо хӯрдану ҳаракат кардани ӯ ҳангоми ҳомилагӣ ба тифл асар дорад. Пайғамбари ислом Муҳаммад (С) мефармояд: «Саодатманд касест, ки саодати ӯ ҳанӯз дар батни модар поягузорӣ шуда ва бадбахт касест, ки бадбахтии ӯ аз давре ки дар батни модар будааст шурӯъ шудааст».

   Падар ва модаре, ки дар таълим ва тарбияи фарзандон беаҳамияти зоҳир карда бо рафтору кирдори худ боиси бадбахтии онон мешавад, бузургтарин хиёнатро муртакиб шуда, ҳатман назди Худо мавриди бозхост қарор гирифта накӯҳиш хоҳанд гирифт.     

   Таълим ва тарбияро набояд ночиз шумурд. Кӯшиш ва фидокориҳои як падар ё модар барои тарбияи дурусти фарзанд аз заҳмати садҳо муҳандис олиму сиёсатмадори дигар мураккабу арзандатар аст. Ҳамон падарону модаронанд, ки инсони комил мепарваранд муҳандису олимонро тарбия карда ба воя мерасонанд.

   Падару модаре, ки фарзандони поку солеҳ ва арзанда ба воя мерасонанд на танҳо ба фарзандон ва ҷомеа хизмат кардаанд балки худашон ҳам дар ҳамин ҷаҳон аз вуҷуди онҳо баҳраи нек хоҳанд гирифт. Фарзанди нек мояи ифтихору сарфарозии падару модар дастгири даврони солхӯрдагӣ ва нотавонии онҳо хоҳад буд. Агар падару модар ба тарбияи фарзанд дуруст кӯшиш намоянд, дар ҳамин дунё натиҷаи неки онро хоҳанд дид. Агар дар ин ҷода ба беэътиноӣ ва ғалат роҳ диҳанд дар ҳамин давра шарбати амали хешро хоҳанд чашид. Масали маъруф аст: «фарзанди бад яке аз мусибатҳои бузурги одами аст». Кӯдаке, ки бетарбия бесарпараст ва якрав ба воя мерасад ва аз тарафи падару модар мактаб ва ҷомеа муносибати бад мебинад инсоне шуда наметавонад, ки талаботи қонунҳоро риоя кунад, устувории сиёсию ҷамъиятӣ ва бехатарии ватани худро таъмин намояд. Кӯдаконе, ки дар шароити ногувори иҷтимоиву экологӣ зиндагӣ ба сар мебаранд ва тарбияи хуб намегиранд хоҳу нохоҳ омилҳои манфӣ ба онҳо таъсири манфи мерасонанд. Ин омилҳои манфӣ ба рафтору ахлоқи ӯ таъсир расонида ӯро ба шахси ҷиноятпеша табдил медиҳанд, ки дар ин дунё ва охирад кулфати зиёде мебинад. Таҷрибаҳои илмию амалии муҳаққиқон таъсири тарбияро барои ҳамчун шахс ба камол расидани инсон дар ҷамъият басо муҳим медонанд. Панҷоҳ дарсади таъсири муҳити атроф то ба балоғат расидан дар инсон боқӣ мемонад. Тавре маълум аст арзишҳои ахлоқи ки ӯ аз муҳити оила гирифтааст барои интихоби минбаъдаи роҳӣ ҳаёт ва муносибати ӯ бо одамон нақши муҳим мебозанд. Татқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи кӯдак собит менамоянд, ки кӯдак дар ҳаёти ояндаи худ аз рӯи он тарбияе, ки аз оила ва муҳит гирифтааст, ташаккул ёфта амал мекунад. Агар ӯ дар ин давраи ҳаёти худ оид ба имконият мавқеи оила дар ҳаёт тасаввури нодуруст гирифта бошад насли худро дар хонаводаи худ бесарпараст беэътибор ва шахси нолозим  бидуни нақше эҳсос мекунад. Яке аз муҳимтарин омили таъсиррасонӣ ба кӯдак оила мебошад. Чӣ ранг гирифтану натиҷа ба бор овардани тарбия аввалан ба муҳити оила муоширати байни якдигарии падару модар ва дигар аҳли оила бо ҳам хушмуомила буда аз дуруғ ҳазар кунанд ростгӯ ва ростқавл бошанд кӯдакон ҳам инчунин тарбия мегиранду ба воя мерасанд. Ва баръакс агар муҳити дурӯғ ва дурӯғгӯ бошад падар ва модар ба якдигар ва ба фарзандони хеш ва дигарон дурӯғ бигӯянд фарзандони бегуноҳе, ки дар чунин муҳит парвариш меёбад ин хӯи нописандро аз калонсолон ёд гирифта дурӯғгӯ ба воя мерасанд.

 

 

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик

дар МТМУ №36 – ноҳияи Кӯшониён

Воҳидов Файзулло

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.