Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст!

   Имсол аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту ду сол сипари шуд.   

   Расидан ба ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, аз муттаҳидӣ ва боло гирифтани ақлу хиради солим гувоҳӣ медод. Яъне, сарҷамъӣ ва афкори сулҳхоҳонаи халқ буд, ки тоҷикон ба хотири пойдор мондани миллат ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшида, кинаву кудуратро аз дилҳо дур карданд.  Миллат бо гузоштани пойдевори сулҳ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд.

   Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ кишвари тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

   Душманони миллати тоҷик бо дасти хоинону зархаридорони худ нақшаи ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона ва дар Тоҷикистон бунёд кардани давлати исломиро доштанд.

   Бадхоҳони миллати мо, мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд.

   Дар он рӯзҳои мудҳиш Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист.

   Ҷанги даҳшатноки дохилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид.

   Бефарзанду бесаробон мондани даҳҳо ҳазор нафар модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон оқибати даҳшатноки он фоҷиаи нангин буд.

   Дар он айёми фоҷиабор шахсони воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд.

   Он рӯзҳо тамоми мардуми кишвар, аз хурд то бузург, танҳо ҳамин орзу доштанд.

   Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон бо Иттиҳоди нерӯҳҳои мухолифин музокиротро оғоз намуданд.

   Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз се сол идома ёфтанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чил санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шуд.

   Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷ сол Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

   Аз ин рӯ, санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки агар дар натиҷаи фитнаву дассисаи ангехтаи бадхоҳону душманон давлати тоҷикон аз байн мерафт ва миллати тоҷик пароканда мегардид, наслҳои оянда ҳаргиз моро намебахшиданд.

   Бояд махсусан қайд намоям, ки аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро санаи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо карда шуд.

   Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо нагардидааст. Ин нуктаи муҳимро бояд тамоми мардуми кишвар дарк намоянд.

   Баъди имзои созишномаи сулҳ қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан монда ба маҳалли зисташон баргардонида, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва шароити аввалияи зиндагиву рӯзгор таъмин карда ва ба корҳои барқарорсозии харобиҳои баъди ҷангӣ оғоз намуданд.

   Фаъолияти зиёда аз даҳсолаи Ҳукумати мамлакат танҳо ба барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, манзилҳои зист ва иншооти сӯхтаву валангоршуда равона гардид.

   Баробари барқарор гардидани сулҳу суббот дар ҷомеа имконияти, тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат пайдо гардида, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем.

   Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ аҳамияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

   Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки «Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».

   Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмонидани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.

   Баробари ин, ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем.

   Дар даврони соҳибистиқлолӣ баъд аз даст омадани «Ваҳдати миллӣ» зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ноҳия ба корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат бахшида,  иҷрои дурнамоҳои истеҳсоли дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гардида, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуда истодааст.

   Ин ҳама дастовардҳое, ки қайд гардид, танҳо бо шарофати “Ваҳдати миллӣ” ба амал омада,  тақозои онро дорад, ки барои пешбурди кору зиндагии мардуми диёрамон меҳнату заҳматро боз ҳам зиёд намоем.

   Ҳамчунин ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва “Ваҳдати миллӣ” сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳар яке мо бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатии миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

   Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақта бо дасту дили поку нияти нек ва руҳияи баланди созандагӣҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат фаъолият намоем ва заҳмат кашем.

   Бигзор, Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад!

 

 

 

Раиси ноҳияи Кӯшониён

Ҷаббори Ғаффор

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.