Санаи 4 июли соли равон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки, намояндаи Раёсати АНМН дар вилояти Хатлон, намояндаи КДАМ-и ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, намояндаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, намояндаи шуъбаи кор бо занони М.И.Ҳ.Д ноҳия дар Ҷ.д. Навбаҳор деҳаи Чорсӯ амалиёти Кӯкнор-2019 гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани ин амалиёт аъзоёни гуруҳи корӣ бо ҷавонон, занон ва наврасон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби марбут ба нашъамандӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, санҷиши қитъаҳои заминҳои назди ҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон аз он ҷумла гармхонаҳо, оромгоҳҳо аз назар гузаронида шуда, ягон ниҳоли Кӯкнор дарёфт карда нашуд.
Аксҳо аз рафти амалёт:
Диловар Раҳмонов
Муҳаммад Шарипов