ОИЛА ДАР ПАЙДОИШ ВА ШАКЛЁБИИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД, НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти

 падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

 

   Ҳамасола  дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кӯдакон ва наврасон дар оила ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд.

   Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати Исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. 

Оила дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи фарзанд, нақши  муҳим мебозад.

      Дар тарбияи фарзанд падару модар, омӯзгор роҳнамо ва масъули асосист. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба душ доранд пурра эҳсос кунанд. Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб рафта, аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш оғоз  меёбад.

     Таълиму тарбия нурест қалби насли наврасро равшандиҳанда, роҳ ба сӯи мақсадҳои нек калидест, ки дари хушбахтиҳоро ба рӯи  фарзанд боз мекард.

     Сарчашмаҳои асосии таълиму тарбиявиро панду андарзҳои ниёгони форсу тоҷик, мақолаҳо, зарбулмасалҳои халқӣ, ҳаёти рӯзгордида, асарҳои адибони тоҷик, рафтору кирдори неки оила, ҷомеа ва ғайра ташкил медиҳад.

    Дар дилхоҳ низоми давлатдорӣ оила  ва таълиму тарбияи фарзанд ҷузъи  муҳими сиёсат ба ҳисоб меравад.

      Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё фарзандон танҳо дар синни хурдсолӣ назди падару модар қадр доранд.

Ва агар  не, пас ки бояд ба фарзандони  синни калонтар таваҷҷуҳ  дошта бошад?

     Мутаассифона  ин хатои хеле бузург аст, ки мо фарзандонро  ба «хуб»-у , «бад» ҷудо мекунем. Ин гуна муносибат ба тақдири фарзандон таъсири манфӣ мерасонад.

   Хеле  ва хеле зарур аст. Ки дар таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи комил дошта бошем.

      Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  волидонро дар тарбияи дурусти фарзандон беаҳамият намегузорад. Тибқи ин қонуни  волидон ба амалҳои ғайриқонунии фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Агар волидон дар оила хуб тарбия ёфта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро боадабу ботамиз ба воя расонанд.

      Аз қабили қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чанд сол шуда бошад ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бархе аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло ҳам  беаҳамиятӣ зоҳир  мекунанд.

 

 

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия

Шеров Сунатулло

Миёна: 4.3 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.