Рӯзи 12 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии Ҷаббори Ғаффор раиси ноҳия, маҷлиси ҷамъбасти тарақиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои 3 моҳаи сеюми соли равон баргузор гардид. Дар кори маҷлис Қосимзода Идигул раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раъно Рҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Сараввал тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботҳои муовинони раиси ноҳия оид ба соҳаҳои вобаста гардида шунида шуд. Сипас тибқи рӯзномаи маҷлис пурсиши роҳбарони як қатор корхонаву ташкилотҳо, шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бахусус раиси ноҳия оид ба сари вақт иҷро нагардидани андозҳои давлатӣ, захираи хуроки чорво, ғизодиҳии пахта, ҷудошавии оилаҳо, пешгири намудани ҷинояту ҷинояткори дар байни ҷавоноу наврасон, ва дигар камбудиҳои ҷойдошта изҳорӣ нигаронӣ намуданд. Дар фарҷоми маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, оид ба баррасии соҳаҳои мухталифи ноҳия фикру ақида ва пешниҳоду супоришҳои мушаххасӣ худро пешкаш намуданд.
Қайд гардид, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳама саҳми арзандаи худро гузорад.
Аксҳо аз рафти маҷлис:
Аҳлиддини Муборакшоҳ