Дину мубини Ислом дини сулҳу раҳмат буда, дар ҳеҷ замоне бар хилофи равиши зиндагии мардум ҳукми худро лозим надонистааст. Ҳамеша барои саодати мардум ва ҷомеаи башарӣ беҳтарин роҳи зиндагиро раҳнамоӣ менамояд.
Дин як раҳмате барои башарият мебошад. Дар китоби муқаддаси дини Ислом «Қуръон» ягон оятеро наметавон ёфт, ки зулму ситам ва хусуматро ҷонибдорӣ намояд. Дини Ислом ягона динест, ки миёни пайравонаш ва мардумони дигар баробарию бародарӣ ва меҳру шафқатро ташвиқ мекунад. Расули акрам (с.а.с), ки Пешво ва Даъватгари дини Ислом мебошад, барои густариши сулҳ, оромиш ва раҳмат дӯстдошта гардидааст.
Чаро гурӯҳе ба гуфтаҳои Худо оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳои пайғамбари Ислом Муҳаммад (с.а.с) амал нанамуда, дар байни мардум тухми низоъ мекоранд, ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд ва онҳоро ба ҳар роҳ ба ҳизбу созмону ҳаракатҳои тундрав шомил менамоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳизбу ҳаракат ва созмонҳое пайдо шуданд, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Мо бояд танҳо дар як карор гирди ҳам оем ва дастаҷамъона бар зидди ин ҳодисаи номатлуби ҷомеа мубориза барем, ҷавононро ба Ватандорӣ ва Ватанпарастӣ ҳидоят намоем.
Эмомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҷ.д. Заргар, деҳаи Ҳосилот
Фозилов Б.