Ба хотири пешгири намудани ҷинояту ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таҷовуз ба номус, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд, ба ҷони худ, танфурӯши, хариду фурӯши инсон, омӯзиши моҳият ва мӯҳтавои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», « Озодии виҷдон ва итиҳодияи диннӣ», дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, А. Амирзода, ёрдамчии прокурори ноҳия, муовини сархатиби ноҳия ва сокинони фаъоли ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид.
Сараввал муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Шукруллозода қайд карданд, ки ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбият намоянд, зеро имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварамон барои баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонону наврасон бештар аст.
Зимнан дигар баромадкунандагон низ оиди пешгири ҷинояту ҷинояткори дар байни ҷавонону наврасон ва доир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуда, дар фарҷом байни меҳмонон ва ҳозирин суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:
Аҳлиддини Муборакшоҳ