Тарбияи фарзанд аз оила оғоз меёбад

   Ба хотири тарбияи дуруст намудани насли наврас ва пешгири намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, ҳамчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд, ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, омӯзиши моҳият ва мӯҳтавои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Озодии виҷдон ва итиҳодияи диннӣ», дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, А. Амирзода, ёрдамчии прокурори ноҳия, Хуршед Қосимзода, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ВКД дар ноҳия, Парвиз Азимов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳия ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, раисони маҳал ва фаъолони ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид.

   Дилифрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия  қайд карданд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тайи чанд сол мешавад, ки дар байни ҷомеаи имрӯзаи кишварамон амал мекунанд, аммо ҳастанд падару модароне, ки барои таҳсили фарзандонашон ба муассисаҳои олӣ ва миёна монеъ мешаванд, ки ин хилофи қонуни мазкур аст.

   Зимни баромади хеш Хуршед Қосимзода, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ВКД дар ноҳия ибрози назар намуд, ки дар соли равон аз тарафи шуъбаи мазкур беш аз 120 вохӯриҳо ва 23 санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа 180 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд.

   Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур падару модарон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҷавонону наврасон, бешатар шабонгаҳон дар қадҳои кӯчаҳо беҳудагардӣ мекунанд ва аз масъулин хоҳиш намуданд, ки пеши роҳӣ чунин ҷавонону наврасон гирифта шавад. То ки онҳо дар оянда бо ин рафторашон метавонанд ба дигар корҳои номатлуб низ даст зананд.

   Дар фарҷом байни масъулин ва иштирокчиён суолу ҷавоби судманд сурат гирифта шуд, ки иштирокчиён ба суолҳои хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

IMG_7577.JPG IMG_7586.JPG

IMG_7595.JPG IMG_7590.JPG

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.