Вохӯрии судаманд бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа

   Баҳрӣ пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, ҳамчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон аз қабили шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд, ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, омӯзишӣ моҳият ва мӯҳтавои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,   «Озодии виҷдон ва иттиҳодияи диннӣ», Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир гардида истодааст, ки чунин ҷамъомад, дар Ҷамоати деҳоти Бустонқалъа бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Ф. Аламшозода, судияи суди ноҳия А. Амирзода, ёрдамчии прокурори ноҳия, Хуршед Қосимзода, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар ноҳия, ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, раисони маҳал ва фаъолони ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид.

   Хуршед Қосимзода, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар ноҳия гуфт, ки   ба хотири пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасони ҷомеа низ вазифадор аст, ки саҳми худро гузоранд. Баъзе падару модароне ҳастанд, ки фарзандонашон, то бевақтии шаб беҳудагардӣ мекунанд, аммо падару модар якмаротиба низ намепурсанд, ки фарзандонашон ба чӣ корҳо машғул буд.  Аз бемасъулияти падару модар, фарзандон ба ҳар гуна корҳои номатлуб даст мезананд.

IMG_7604.JPG

   Ҳамчунин масъулин доир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Озодии виҷдон ва итиҳодияи диннӣ», баромад намуда дар фарҷом байни масъулин ва иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт.

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.