Дар асоси фармоиши Сардори Раёсат – Муовини аввали сардори мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз 24 июли соли 2019, №60, фармоиши сардори мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён аз 26 июли соли 2019 №8 бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, рӯзҳои 30 июл ва 1 августи соли 2019 дар хадамоти мудофиаи граждани тиббии ноҳияи Кӯшониён доир ба мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани касалиҳои сирояткунанда (эпидемия)” машқи фармондеҳи-ситодии мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
То саршавии машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ, Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамкорӣ бо Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании хадамоти тиббии ноҳияи Кӯшониён Сайвалиев М ҳуҷҷатҳоро оиди гузаронидани машқи фармондеҳӣ - ситодии мудофиаи гражданӣ омода намуда, барои гузаронидани машқ шароиту имкониятҳоро муҳайё намуд.
Дар рӯзҳои гузаронидани машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои хадамот ҷалб карда шуданд.
Ҳамин буд, ки гузаронидани машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар хадамоти мудофиаи граждани тиббии ноҳияи Кӯшониён ба талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии мудофиаи гражданӣ мутобиқ буда, рӯзи 30 июли соли 2019 соати 6:00 дақиқа ба воситаи нуқтаи идоракунии алоқа ва хабардоркунии ноҳия бонги «Ҷамъшави» барои ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи граждании хадамоти мазкур эълон карда шуд.
Соати 8:10 дақиқа ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ, гуруҳҳои неруҳои ғайри ҳарби дар толори маҷлисгоҳи хадамот ҷамъ омада, аз тарафи сардори Ситоди роҳбарикунандаи машқ ба онҳо мақсаду мароми гузаронидани машқ фаҳмонда дода шуд.
Сипас аз тарафи сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён гуруҳҳои неруҳои ғайри ҳарбии звенаҳои таркибии мудофиаи гражданӣ санҷида шуд.
Гуруҳҳо ва звенаҳои таъсис додашудаи мудофиаи граждании хадамоти тиббии ноҳияи Кӯшониён ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода, як қатор корҳоро ба сомон расонида, ҳуҷҷатҳои соҳаи мудофиаи гражданиро тартиб додаанд.
Мақсади асосии гузаронидани машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар хадамоти мудофиаи граждани тиббии ноҳияи Кӯшониён ин ҳам бошад пеш аз ҳама пешгирӣ сар назадани ҳодисаҳои фавқулодда, аз ҷумла касалиҳои сирояткунанда (эпидемия) дар ҳудуди ноҳия ва сари вақт бартараф намудани он мебошад.
Машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар назди бинои хадамоти мудофиаи граждани тибиии ноҳияи Кӯшониён бо таври амалӣ ҷараён гирифта, корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми ба амал омадани касалиҳои сирояткунанда (эпидемия) ва бартараф намудани он бо таври амалӣ ба иштирокчиён намоиш дода шуда, бори дигар омодагии ҳайати шахси ва қувваю воситаҳои хадамот ба таври амалӣ санҷида шуд. Дар машқи мазкур 250 – нафар иштирок намуданд ва 2-адад нақлиёт истифода шуд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои
фавқулодда ва мудофиаи граждании
вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
капитан Қуватзода Д.Қ