Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ –амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаҳои Сари ҳавз ва Сари пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия ҳашари умумӣ баргузор намуд.
Дар ҳашари умумӣ асосан, таъмири зербинои атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 – и ноҳия роҳандозӣ шуда, иштирокдорони ҳашари умумӣ бо дасту дили гарм дар фазои тинҷу оромии кишвар ва шукургузорӣ аз сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Ҳизбиёни ноҳия ният дорад, дар партави Аксияи тарғиботӣ – амалӣ ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои зиёди созандагиву бунёдкориро дар ҳудуди деҳаҳои худ роҳандозӣ хоҳанд кард.
Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
КИ ҲХДТ дар ноҳия