Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади хайру сахо дар арафаи таҷлили иди Қурбон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар маъюб аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Дӯстӣ, Касирова Нилуфар кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни расонидани кӯмак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳамзамон, масъулин, Касирова Нилуфарро ба таҷлили иди Қурбон табрик гуфта, таъкид доштанд, ки маъюбон ҳамеша таҳти дастгирӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд.
Ноҳияи Кӯшониён