Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омада, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба мардуми шарафманди Тоҷикистон мушараф гардид, санади муҳими тақдирсоз ва деринтизори миллати мо ба ҳисоб меравад. Баробари ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакати азизамон нафаси озод гирифта, ҳамдигарро ҳамчун падару писар, ёру бародар, хоҳару додар ба оғуш мекашиданд. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ як падидаи бисёр умедбахшу солими ҳаёти ҷаъмиятию сиёсии кишварамон ба шумор меравад, ки ин муттаҳидию ҳамрайъиро дар ватани азизамон арзи ҳасти намудааст.
Бо шарофати сулҳу суббот ва ва ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, ки бо хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кули мардуми тоҷик муяссар гардид, мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушду устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нуфузу эътибори онро бо сараварии Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем. Баъди соҳибихтиёр гардидани кишвари азизамон, пайдо шудан нафарони шуме, ки онҳо худ дастпарвари Тоҷикистон буданду бозичаи давлатҳои хориҷӣ, мехостанд якпорчагии кишвари азизамон ва истиқлолияти бадастомадаамонро бо низоҳои дохилӣ аз байн баранд ва миллати тоҷик дар саҳифаи таърих сабт нагардад. Аммо бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ ёфта, қариб як миллион нафар гурезаҳо ба Ватан ва маҳали зисти доимияшон баргардонида шуда, миллати тоҷик дуюмбора сарҷамъ гардид ва ба раванди ҳаёти осоишта пайвастани онҳо ноил гардидем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободии Ватан танҳо дар сурати истиқлолияти миллӣ, ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд. Далели равшании онро мо имрӯз дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мебинем, ки солҳои охир аз баракати оромӣ дар кишварамон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати бесобиқа пайдо кардааст. Чунки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 ба нахустсавганди ёд намудааш, ки мегуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…» устувор монд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якдигарфаҳмии мадуми бофарҳангу поктинати кишвари азизамон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Воқеан, Мавлоно дар «Маснавӣ»-и ҷовидонааш ваҳдат, дӯстӣ ва робитаи неки инсонҳоро аз ҷумлаи рисолатҳои азаливу аввалини башар мешуморад ва чунин мефармояд:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.
Муовини соҳаи иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти “Ориён”
Сарихонова С