Бо мақсади иқрои нақша чорабинии раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13 августи соли 2019 мувофиқи банди 9 оид ба таҷлили ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони шуъбаи маориф ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти умии ноҳия Конфиренсияи илмию-бадеӣ дар МТМУ №4 баргузор гардид.
Дар рафти Конфиренсия оид ба дастовардҳои 28 соли Итиқлолият дар соҳаи маориф омӯзгорон баромадҳо намуда , хонандагон оид ба заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеъру таронаҳо қироат намуданд.
Конфиренсия дар як сатҳи баланди сиёсию маърифатӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуд.
Аксҳо аз рафти Конфиренсия:
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия