Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар маҷлиси машваратиашон, аз 13 августи соли 2019, эълон доштанд, ки то 1 октябри соли ҷорӣ аксия тозагӣ таҳти унвони “Субҳи босафои Ватан” дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шавад, ки ин иқдом аз тарафи фаъолони ноҳия пазируфта шуд.
Мақсад аз гузаронидани ин озмун, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия