Пешгирии амалҳои коррупсионӣ кори дастаҷамъист

    Ба хотири пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», рӯзи 3 сентябри соли 2019, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён, Мансур Олимзода, капитани адлия, нозири калони шуъбаи пешгирии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Парвиз Одина, корманди Раёсати агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар вилояти Хатлон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳал, имомхатибони масҷидҳои панвақта вохӯрӣ баргузор гардид.

   Парвиз Одина, корманди Раёсати агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар вилояти Хатлон,  ба сухан баромада қайд намуд, ки таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову Шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар, дар мақоми олии қонунбарор вобастагии мустақим дорад. Мо ва Шумо ҳозирини гиромӣ ӯҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа решаи чуқур давонад. Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳои пешгирии он ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда нақши басо муҳим мебозанд. Агар ҳамаи мову шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлатӣ соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа мушкилотҳои мавҷуда, дар як муддати кӯтоҳ бартараф ва ба зиндагӣ осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад,- афзуд Парвиз Одина, корманди Раёсати агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон.

   Мансур Олимзода, капитани адлия, нозири калони шуъбаи пешгирии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёд пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои навӣ глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳронӣ ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Зимни баромади худ Мансур Олимзода, капитани адлия, нозири шуъбаи пешгирии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қайд намуд, ки Стратегияи мазкур ягона санадест, ки барои иҷро нагардидани талаботҳои он ҷавобгарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳама шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии  мустақим дорад. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки баҳрӣ иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳо самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа решаи чуқур давонад. Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳои пешгирии истилоҳҳои гуногун баён шуда, оид ба ин амалӣ зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода мешуд, то ин ки он ҳадди ақал имкон аз байн бардошта шавад ва шароити мусоиде барои халқ дар ҳама гуна  соҳаҳои давлатию  ҷамъиятӣ фароҳам  оварда  шавад.

Аксщо аз рафти вохӯрӣ:

IMG_8180 (с).jpg IMG_8173-2 (с).jpg

IMG_8175 (с).jpg IMG_8172.jpg

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.